Семинари Сеюми Байналмилалӣ доир ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳамкории илмӣ

Вохӯриҳо | 06 авг. 2017

Машварати сеюми байналмилалӣ доир ба гуногунии биологӣ ва ҳамкории илмӣ санаи 14-15-уми июн дар ш. Душанбе доир гардид.

Тадқиқоти гуногунии биологии бойи набототи Осиёи Марказӣ, илмӣ асосноккунии он ва роҳҳои ҳифзи он минтақаи калидии нигоҳдорӣ гардидаанд, ки саъю кӯшишҳои лоиҳаи “Роҳи сабзи Осиёи Марказӣ» ба он равона шудааст. Машварати сеюми байналмилалӣ доир ба гуногунии биологӣ ва ҳамкории илмӣ, ки санаи 14-15-уми июн дар ш. Душанбе дар доираи лоиҳаи мазкур баргузор гардид ва ба таҳкими кӯшишҳои ташкилотҳои экологӣ ва муассисаҳои тадқиқотии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Куриё дар соҳаи ҳифзи мероси табиӣ мусоидат намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаҷониба ба баргузории семинари мазкур дар сатҳи баланд мусоидат намуда ба он мафҳуми баланд додааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сиёсати худ самт ба рушди устуворро дастгирӣ менамояд, муҳимияти воло ва арзиши нигоҳдории захираҳои гуногунии биологии мамлакатро эътироф карда ҳамаҷониба ташаббусҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ барои расидан ба ҳадаф доир ба ҳифзи муҳити зистро дастгирӣ менамояд.

Дар доираи боздиди ҳайати илмӣ аз Ҷумҳурии Куриё, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ташкилкунандагони чорабинӣ Арборетуми миллии Куриё ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Куриё ва Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории семинари машваратӣ дар ш. Душанбе ва баргузории экспедитсияҳои саҳроиро ба нақша гирифтааст.

Рӯзи аввал меҳмонон аз Боғи ботаникии Академияи илмҳо боздид намуданд, ки он ҷо ҳамкасбони тоҷик доир ба таърихи таъсиси боғ нақл намуданд ва коллексияҳои ғании растаниҳои аз гӯшаҳои гуногуни замин ҷамъоваришуда нишон дода шуданд, ҳамчунин ботаникони точик муфассал дар бораи хусусиятҳои геоботаникии бисёр навъҳои арзишманд, ки дар ҳудуди боғи ботаникӣ парвариш меёбанд, баён намуданд. 

Дар рафти худи семинар, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳифзи табиати Ҷумҳурии Куриё, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон мувваффақиятҳои ба даст овардаи худ дар доираи лоиҳаи “Роҳи сабзи Осиёи Марказӣ”-ро муҳокима намуда, усулҳо ва таҷрибаҳои мувваффақ дар нигоҳдории захираҳои боарзиши генетикӣ, барқарорсозӣ ва офияти ҷангалҳо, ҳамчунин натиҷаҳои амалигардонии лоиҳаи “Тадқиқоти флораи Тян-Шон”-ро баён намуданд.

Лоиҳаи “Тадқиқоти флораи Тян-Шон” ҳамчунин ташаббуси Арборетуми миллии Куриё ба ҳисоб меравад ва барои баланд ва устувор намудани ҳамкории байнипажуҳишгоҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар баргузории корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ доир ба флораи Тян-Шон равона шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ дар ҳамкорӣ бо Арборетуми миллии Куриё корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ доир ба флораи Тян-Шони Ғарбӣ гузаронидааст. Барои ба даст овардани натиҷаҳои лозимӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда гуруҳи лоиҳавӣ ҳамчунин як қатор вохӯриҳои машваратӣ бо олимон ва мутахассисон барои пайдо намудани минтақаҳои калидӣ ва намудҳои афзалияти растаниҳо ва як қатор экспедитсияҳо барои ҷамъоварии намунаҳои растаниҳои олами набототи Тян-Шони Ғарбӣ (қисми Тоҷикистон) гузаронидааст. Натиҷаҳо доир ба амалҳои иҷрошуда дар ҷараёни вохуриҳои минбаъда пешниҳод карда мешаванд.

Барои намоиши таҷрибаҳои муваффақ доир ба барқарорсозии ҷангалҳо сайёҳат ба қитъаи Сайёди ноҳияи Данғара баргзор шуд. Дар доираи ташаббусҳои амалишуда оиди нигоҳдории ex-situ ва in-situ захираҳои арзишманди генетикӣ дар қитъаи Сайёд корҳо доир ба барқарорсозии ҷангалҳо гузаронида шуд. Дар майдони 80 га 48 ҳазор ниҳолҳои мутобиқшудаи зироатҳои мевадор ва 20 ҳазор ниҳолҳои растаниҳои ҷангалии декоративӣ шинонида шуданд. Қитъаи мазкур яке аз қитъаи намунавӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, чунки ниҳолҳои шинонидашуда дорои хусусияти баланди мутобиқшавӣ буда  қобилияти тобоварӣ ба иқлими гарм ва хушки маҳал бе обёриро доранд.

Дар ин рӯзҳо кормандони лоиҳа бо гурӯҳи олимон аз Ҷумҳурии Куриё ва Узбекистон дар сафари саҳроӣ дар ноҳияи Тян-Шони Ғарбӣ дар доманакуҳи қаторкуҳҳои Курамин мебошанд. Мақсади асосии ин сафар ҷамъоварии гербариҳо барои омӯзиши муфассал ва ворид намудани маълумотҳо дар бораи намунаҳои ҷамъоварӣ шуда дар маҷмӯаи набототи Тян-Шон мебошад.        

 

 

Ба ҳам дидан
Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

"Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!" дар чаҳорчубаи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ "Ҳифз ва истифодаи самарабахши экосистемаҳои Помиру-Олой ва Тиён-Шон барои ҳифзи Бабри барфӣ ва зиндагонии устувори ҷомеъа" тайёр карда шуда, ба рӯзи байналмиллалии Бабри барфӣ, ки ҳамасола рӯзи 23 октябр ҷашн гирифта мешавад.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат пешбинӣ шуда, дар бораи аҳамият ва арзиши ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва объектҳои шикори он хабар медиҳад.

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Матни пурра бо забони руссӣ

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳисобот маълумотҳо доир ба иҷроиши Конвенсияи Рамар оид ба мавзеҳои обию ботлоқӣ оварда шудаанд. Ҳисобот аз чор Боб иборатӣ мебошад:

Қисми 1. Маълумоти институтсионалӣ, мақомотҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои котиби миллӣ барои амалӣ намудани ин Конвенсия дар сатҳи миллӣ.

Қисми 2. Қисми «матни озод», ки пешниҳодҳои мухтасарро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни пешрафти татбиқи миллӣ ва тавсияҳо барои оянда дар бар мегирад.

Қисми 3. Дарбаргирандаи 66 нишондиҳандаҳо ва  масъалаҳои татбиқи Конвенсия, дар назди ҳар як стратегияи татбиқи Конвенсия ва Нақшаи стратегии барои солҳои 2009-2015 гурӯҳбандӣ, ва бо фасли иловагии «матни озод» барои ҳар як савол нишондиҳандаи, ки дар он Тарафи аҳдкунанда метавонад, агар бихоҳад иттилооти иловаги минбаъда оид ба татбиқи миллии Конвенсия ворид намояд.

Фасли 4. Аризаи иловагӣ ба ҳар кадом Тарафи аҳдкунандае, то мехоҳад ба пешниҳоди маълумоти иловагӣ дар бораи ягон ё ҳамаи ботлоқзорҳои аҳамияти байналмилалӣ дошата (мавзеҳои Ромсар) маълумот ворид намояд.

Матни пурраи ҳисобот бо забони русӣ.

Протоколи Картахени оид ба Бехатарии Биологӣ

Протоколи Картахени оид ба Бехатарии Биологӣ

Видео