Таҷрибаи байналмилалӣ дар сиёсат ва низоми ҳуқуқӣ нисбат ба сарватиҳои генетикӣ

Вохӯриҳо | 22 мая. 2019

Семинари дурӯза доир ба масъалаҳои таъсиси асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ тибқи дастурамали протоколи Нагоя доир ба дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дар бунёди низомҳои миллӣ доир ба дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ ва истифодаи муштарак аз фоидаҳо (ДСГИМФ) рӯзҳои 17 ва 18-уми май дар ш. Душанбе баргузор гардид. Семинар аз тарафи Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ дар доираи амалигардонии лоиҳаи БРСММ-ФГЭ “Қавигардонии захираҳои кадрӣ, доираҳои ҳуқуқӣ ва иқтидори институтсионалӣ барои амалигардонии протколи Нагоя” баргузор гардид.

Дар кори семинар Коршиноси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷаноби Балакришна Писупати, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор иштирок варзиданд. Ҳадафи семинар ба баландбардории идрок ва дониши мутахассисони профилӣ доир ба таҷрибаҳои пешрафтаи мамлакатҳои хориҷӣ оид ба ҳамгироии принсипҳои ДСГИМФ дар низоми назорати миллӣ ва ҳифзи сарватҳои генетикӣ ва донишҳои анаъанавӣ равона гардида буд.

Ба иштирокдорони семинар презентатсия ва маърӯзаҳои коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, афзалиятҳои миллӣ дар соҳаи нигоҳдории сарватҳои генетикӣ, заминаи ҳуқуқии сарватҳои генетикӣ ва донишҳои анаъанавиро дастгирикунанда, аз он ҷумла натиҷаҳои арзёбии мутобиқати қонунгузории миллӣ ба дастурамалҳои байналмилалӣ ва принсипҳои протоколи Нагоя муҳокимаронӣ шуданд. Коршиноси байналмилалӣ шарҳи таҷрибаҳои бомуваффақият ва таҷрибаҳои миллии дигар давлатҳо-иштирокчиёни протоколро пешниҳод намуда, зина ба зина сохтори низоми миллӣ доир ба ДСГИМФ-ро дар таҷрибаи давлатҳои Ҳиндустон, Мексика, Хитой, Ҷопон ва ғайра тавсиф намуд. Ҳамчунир ба таври муфассал ҳуҷҷатгузории меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва техникие, ки ба асоси низоми маъмурӣ ва ба танзимдарорӣ доир ба ДСГИМФ ворид мешавад, баррасӣ шуд, хусусан масъалаҳои ҳуҷҷатгузории талаботҳои бо ҳам мувофиқшудаи моликияти зеҳнии ба сарватҳои генетикӣ ва донишҳои анаъанавии вобаста буда, муҳокима гардиданд. 

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео