Таъсири тағйирёбии иқлим ба хусусияти гуногунии биологии олами набототи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Вохӯриҳо | 24 ноя. 2018

Дар Институти биологии Помир ба номи Ҳ.Ю. Юсуфбеков семинар баргузор гардид, ки дар кори он тағйирёбии иқлим ҳамчун яке аз омилҳои асосии дигарсозии сохтор ва таркиби олами наботот ва усулҳои мутобиқсозии имконпазир баррасӣ шуд.

Дар кори семинар дар мавзӯи “Тағйирёбии омилҳои иқлимӣ ва мутобиқсозии растаниҳо” 30 нафар намоянда аз ҷумлаи кормандони институт, муаллимон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ва хонандагони мактаби таҳсилотии ш. Хоруғ иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо дастгирии лоиҳаи БРСММ\ФГЭ “Кӯмаки техникӣ ба кишварҳои салоҳиятдор дар таҳияи Ҳисоботи шашуми миллии КГБ” баргузор карда шуд. Мақсади семинар баландбардории дониши шунавандагон оид ба тамоюли муосир дар рушди олами набототи маҳаллӣ, ки вобаста аз омилҳои гуногун зери фишор қарор гирифтааст, иборат буд.

Барономаи семинар мавзӯъҳои ба тағйирёбии иқлим ва усулҳои мутобиқсозии растаниҳо ба он, таъсири омилҳои ҳарорат ба ҳосилнокии чарогоҳҳои Помири Шарқӣ, муайянкунии серҳосилии навъҳои зироатҳои ҳосилдиҳанда, устувории растаниҳои гулкунанда, сӯзанбарг ва хӯроки чорво ба тағйирёбии иқлим, хусусан дар асоси норасоии намӣ дар хок ва ҳаво дар бар гирифта буд.       

Иштирокчиён  дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок доштанд ва ба технологияҳои парвариши зироатҳои ҳосилдиҳанда, ороишиӣ ва хӯроки чорво, таъмин намудани хоҷагиҳои фермерӣ бо тухмиҳои бо навъҳои растаниҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқбуда таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.    

Ҳамчуни таъсири тағйирёбии иқлим ва ҷорӣ намудани чораҳои мутобиқгардонӣ барои нигоҳдории гуногунии биологӣ дар шароити рушди усутвор дар семинари бо мутахассисони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати ВМКБ баррасӣ шуд. Вохӯрӣ ҳамчунин дар доираи амалигардонии лоиҳа доир ба таҳияи ҳисоботи Миллӣ доир ба гуногунии биологӣ ташкил карда шуд. Дар семинари мазкур беш аз 25 нафар иштирок доштанд.  

Дар рафти мусоҳибаҳо коршиносон оид ба таҷрибаҳои пешқадам дар барқарорсозии экосистемаҳои кӯҳӣ ва мутобиқсозии зироатҳои маҳаллӣ ба шароитҳои вазнини иқлим дар ҳудуди ВМКБ гузориш доданд. Дар баробари ин, мутобиқати баланди растаниҳои зироатии ёбоии ҳамшакл, ки сарвати генетикии пурарзиш барои селексияи анъанавӣ ва муосир ба ҳисоб мераванд, қайд карда шуд.

Аз ҷониби иштрокчиёни семинар шумораи якчанд намудҳои растаниҳои ҳосилдиҳанда, мевадиҳанда ва навъҳое номбар карда шуданд, ки бо ҳосилнокии баландсифат фарқ мекунанд ва дорои иқтидори баланд ба тағйирёбии иқлим мебошанд.    

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео