Мутобиқати системаҳои бонки маҳзани сарватҳои генетикӣ мувофиқи талаботи протоколои Нагойя

Вохӯриҳо | 30 ноя. 2018

Дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ имконияти ҳамоҳансозии маҳзани муълумоти сарватҳои генетикии мавҷуда бо принсипҳои протоколи Нагойя муҳокимаронӣ шуд.

Душанбе, Тоҷикистон, 9-уми ноябри соли 2018 Лоиҳаи БРСММ/ФГЭ «Таҳкими захираҳои кадрӣ, доираҳои ҳуққуқӣ ва иқтидори институтсионалӣ барои амалигардонии Протоколи Нагоя» бо ташаббуси БРСММ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММГББ) дар Маркази миллии ҷумҳуриявии сарватҳои генетикии АИКТ семинар оиди «Мутобиқати системаҳои маҳзани маълумоти сарватҳои генетикӣ мувофиқи талаботи Протоколи Нагойя» баргузор карда шуд.

Дар кори семинар 40 нафар аз мутахассисон ва кормандони Маркази миллии ҷумҳуриявии сарватҳои генетикӣ, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он, Институти «Зироаткор», инчунин намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати Сарикишт ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.

Дар рафти семинар пешрафт дар татбиқи Протоколи Нагоя дар ҷумҳурӣ, қавигардонии асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, баррасии маҳзани маълумоти сарватҳои генетикии мавҷудаи ва такмили онҳо дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар, принсипҳои бурдани гуфтушунид доир ба табодули сарватҳои генетикӣ байни истифодабарандагон ва дастраскунандагони ин сарватҳо, нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори захираҳои генетикӣ аз растаниҳои доруворӣ, ҳамчунин нақши донишҳои анъанавӣ дар нигоҳдорӣ ва истифодаи сарватҳои генетикӣ мутобиқи принсипҳои дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ ва истифодаи одилонаи фоида аз онҳо дар Тоҷикистон муҳокимаронӣ шуданд.

Семинари мазкур дар баланд бардоштан ва огоҳии иштирокчиён оид ба принсипҳои асосии Протоколи Нагоя,  доир ба ҷанбаҳои муҳим ва равишҳои муваффақ дар таъсис додани маҳзани маълумот ва системаҳои идоракунии онҳо мувофиқи принсипҳои дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ ва истифодаи одилонаи фоида аз онҳо, инчунин доир ба нақши сарватҳои генетикӣ ва истифодаи онҳо дар рушди занҷираи арзиши иловашуда мутобиқи Протоколи Нагоя ва принсипҳои дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ ва истифодаи одилонаи фоида аз онҳо мусоидат намуд.

Тоҷикистон Протоколи Нагойя дар бораи батанзимдарории дастрасӣ ба захираҳои ирсӣ (генетикӣ) ва истифодаи муштарак дар асоси одилона ва баробар гирифтани фоида аз татбиқи онҳо ба Конвенсияи гуногунии биологиро соли 2014 ба тасвиб расонидааст, ки бо он кишвар ба худ барои татбиқ ва ҳамгироии муқаррароти асосии Протоколи мазкур ба системаи миллии ҳуқуқиро ба уҳда гирифтааст. Дар айни замон, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо 24 кишвари дигар қисми Лоиҳаи глобалии «Таҳкими иқтидори инсонӣ, доираи ҳуқуқӣ ва иқтидорҳои институтсионалӣ барои татбиқи Протоколи Нагоя» мебошад.  

 

 

 

 

 

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео