Чи хел метавонад тақвияти мониторинги бабри барфӣ дар парваришгоҳи ноҳияи Шаҳристон бахшад

Вохӯриҳо | 30 ноя. 2018

Тренинг барои кормандони парваришгоҳ ва ҷангалбонҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Шаҳристон ба баланд бардоштани донишҳои иштирокчиён дар бораи бабри барфӣ ва баланд бардоштани малакаҳои онҳо дар гузаронидани мониторинги табиати ваҳшӣ ва сокинони он кӯмак расонид.

36 нафар дар тренинги чоррӯза машғул буданд, ки дар он кормандони мутахассисони минтақаҳои муҳофизатии ноҳияи Шаҳристон ва фаъолони ҷамъиятӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷамоатҳои маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ машғуланд, иштирок карданд. Чорабинии омӯзиҳӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони лоиҳа ташкил карда шуд.

Барномаи таълимӣ як қисми назариявие, ки дар рафти он мутахассисон дар бораи самт ва усулҳои татбиқи ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар ҷойҳои асосии аҳолии ин ҳайвони ваҳшӣ суханронӣ намуданд, дар баробари ин яке аз ҷанбаҳои муҳими тақвияти эҳтимолӣ дар  гузаронидани мониторинг диққати махсус доданд. Мақсадҳои асосӣ ва вазифаҳои мониторинги вобаста, муносибатҳои бомуваффақият, ки қаблан дар мамлакатҳои дигар татбиқ карда шудаанд, усулҳои нави амалиётӣ ва технологӣ дар гузаронидани мониторинг ва баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ ба иштирокчиёни тренингҳо пешниҳод карда шуданд.

Дар қисми амалӣ, иштирокчиён ба гурӯҳои корӣ тақсим карда шуданд ва вақтро барои таҳияи харитаи банақшагирии минтақаи муҳофизатӣ бо нишон додани намудҳои ҳайвонот ва музофоти тақрибии онҳо ҷудо карданд. Натиҷаҳо аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод шуданд, дар рафти муаррифоти онҳо ҳамчунин методологияи гузаронидани мониторинг ва баҳисобгирии ҳайвоноти маҳаллӣ дар ҳудуди зери назорати онҳо баромад карданд.

Аз рӯи гуфтаи ҷангалбонон, дар минтақаи Шаҳристон якчанд маротиба дар солҳои 2014-2015 дар баландии 2000 - 3000 м мавҷудияти бабри барфӣ ба қайд гирифта шуданд.

Дар давоми рӯзи омӯзиш мутахассисони лоиҳа домҳои ба наворгирии моделҳои гуногун ва навигатори GPS, муфассал дар бораи хусусиятҳои функсионалӣ ва намунаҳои истифодаи онҳоро нишон доданд. Барои тақвияти маълумот машқҳои амалӣ дар соҳаҳои санҷишии домҳои ба наворгирӣ дар наздиктарин минтақаҳо ташкил карда шуданд, ки иштирокчиёни он дониши дар давоми омӯзиш гирифтаро фаъолона нишон доданд.

 

 

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео