Конфронси 13-уми Тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 05 авг. 2017

Санаи 4-17 декабри 2016 сол, дар ш. Канкуни Мексика, Конфронси 13-уми Конвенсияи СММ оид ба гуногунии  биологӣ, Конфронси дуюми тарафҳои Протоколи Нагойя ва Вохӯрии 8 тарафҳои Пртоколи Картахенӣ доир ба бехатарии биологӣ (COP 13, СOP/MOP2, COP/MOP8 ) доир гардид.

 Дар Конфронс 6400 намоянда  аз180 кишвари дунё ширкат намуданд.

 Дар таърихи Конвенсия бори аввал дар якҷоягӣ Конфронси се сохтори асосии Конвенсия доир гардид.

 Мавзӯи асосии Конфронс Ҳамгироии байнисоҳавии масъалаҳои гуногунии биологӣ ва некӯаҳволии ҷомеъа буд.

Мулоқот дар сатҳи баланд (дар сатҳи вазирон) 2-3 декабр доир гардид. 

Ҳадафҳо: Созишнома оид ба ҳамгироии гуногунии биологӣ ба стратегияи рушди соҳаҳои гуногун (кишоварзӣ, туризм, хоҷагии ҷангал ва ғайра.) ва коркарди муносибати байнисоҳавӣ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ.

Дар хотимаи мулоқот Эъломия (Декларатсия) қабул гардид. Матни пурраи декларатсияи дар пайванди зерин ёфтан мумкин аст: https://www.cbd.int/cop/cop-13/hls/in-session/cancun-declaration-draft-dec-03-2016-pm-ru.pdf

Конферонси Тарафҳо платформаи ҳамкориҳоро барои ду соли оянда бо Конвенции таҳия намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Конфронси Тарафҳо Ҳамоҳангсози миллӣ – Сафаров  Н.М. ва дигар аъзоёни ҳайати корӣ муарифӣ намуданд.

 

Эъломияи (Декларатсия) Канкун оид ба Ҳифз ва истифодаи самарабахши гуногунии биологӣ барои беҳбудии одамон:

  • Ин таъкид мекунад, ки кишварҳодар ҳамаи сатҳҳо ва дар ҳама бахшҳо Ӯҳдадориҳоро оид ба таъмини ҳифзи экологӣ ва биологӣ дар дохили онҳо ба воситаи сиёсати соҳавӣ, нақшаҳо ва барномаҳои, инчунин чораҳои ҳуқуқӣ ва маъмурӣ ва буҷети давлатӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи чораҳои, идоракунӣ ва барқарорсозии биологӣ ва системаи экологӣ иборатанд аз арзиши гуногунии биологӣ дар ҳисобҳои миллӣ ва ҳисоботдиҳӣ ва ғайра таъмин менамоянд.
  • Тамоми ҷаҳон эътироф менамояд, ки гуногунии биологӣ, аз ҷумла экосистемаҳо, асос барои ҳаёт дар рӯи замин (аз ҷумла танзими иқлим, сифати ҳаво, ғизо, хок ва ғ.) мебошанд.
  • Дар Конфронси Тарафҳо Котиби нави Конвенсия - Кристиана Пальмер аз Руминия (собиқ вазири ҳифзи табиат) таъин карда шуд.
  • Он кас қайд намуданд, ки фаъолиятҳои асосии Котиботи Конвенсия ва давлатҳо – ин  «Мубориза барои ҳифзи экосистемаҳо, мубориза барои ҳаёти мо, ҷон ва зиндагии наслҳои оянда мебошад». Сарфи назар аз талошҳои зиёди кишварҳо, мо шоҳиди  таназзулёбӣ ва тахрибшавии экосистемаҳо мегардем.
Ба ҳам дидан

Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

"Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!" дар чаҳорчубаи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ "Ҳифз ва истифодаи самарабахши экосистемаҳои Помиру-Олой ва Тиён-Шон барои ҳифзи Бабри барфӣ ва зиндагонии устувори ҷомеъа" тайёр карда шуда, ба рӯзи байналмиллалии Бабри барфӣ, ки ҳамасола рӯзи 23 октябр ҷашн гирифта мешавад.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат пешбинӣ шуда, дар бораи аҳамият ва арзиши ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва объектҳои шикори он хабар медиҳад.

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Матни пурра бо забони руссӣ

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳисобот маълумотҳо доир ба иҷроиши Конвенсияи Рамар оид ба мавзеҳои обию ботлоқӣ оварда шудаанд. Ҳисобот аз чор Боб иборатӣ мебошад:

Қисми 1. Маълумоти институтсионалӣ, мақомотҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои котиби миллӣ барои амалӣ намудани ин Конвенсия дар сатҳи миллӣ.

Қисми 2. Қисми «матни озод», ки пешниҳодҳои мухтасарро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни пешрафти татбиқи миллӣ ва тавсияҳо барои оянда дар бар мегирад.

Қисми 3. Дарбаргирандаи 66 нишондиҳандаҳо ва  масъалаҳои татбиқи Конвенсия, дар назди ҳар як стратегияи татбиқи Конвенсия ва Нақшаи стратегии барои солҳои 2009-2015 гурӯҳбандӣ, ва бо фасли иловагии «матни озод» барои ҳар як савол нишондиҳандаи, ки дар он Тарафи аҳдкунанда метавонад, агар бихоҳад иттилооти иловаги минбаъда оид ба татбиқи миллии Конвенсия ворид намояд.

Фасли 4. Аризаи иловагӣ ба ҳар кадом Тарафи аҳдкунандае, то мехоҳад ба пешниҳоди маълумоти иловагӣ дар бораи ягон ё ҳамаи ботлоқзорҳои аҳамияти байналмилалӣ дошата (мавзеҳои Ромсар) маълумот ворид намояд.

Матни пурраи ҳисобот бо забони русӣ.

Видео