Пайгирии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 05 авг. 2017

 

Имрӯз, панҷшанбе рӯзи 22 декабри соли 2016, соати 10.00 пагоҳӣ кормандони Муассисаи давлатии Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Мудири лаборатория Н.Сафаров дар идораи лаборатория барои дар сатҳи баланди сиёсӣ дарк намудани Пайёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад ва Конфронси телевизонӣ ва радиошунавоии мустақим доир намуда, суханронии Президенти Мамлакатамонро бо масуълияти баланди шаҳрвандӣ тамошо ва шунавидаанд. 

Дар рафти дидан ва шунавоӣ, мутахасисони Лаборатория бо як қаноатмандӣ Пайёми Президентро қабул намуда, лаҳзаҳои манфиати сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ, илмӣ, втандустӣ доштаи онро бо ҳаяҷон мавриди муҳокима қарор доданд. Аз он ҷумла муроҷиати Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ ба олимон ва пешниҳоду дастурҳо дар соҳаи илм хеле барои муассисаи мо муфид буда мо олимонро барои кашфиётҳои нав хеле руҳбаланд гардонид. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист вазифагузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар баробари вазифаҳои иқтисодию, муносибатҳои байналмиллалӣ дастгирии таҳияҳои лоиҳаҳои грантиро аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ ва ба даст овардани маблағҳоро аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ барои рушди иқтисодиёт ва беҳбудии табиат, барои мо кормандони Лабораторияи илмӣ ва Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ҳамчун супориш қабул намуда, дар паи амалӣ гардонидани Пайём бо масуълияти баланди Ватандорӣ камар мебандем. Нисбати солҳои пешин Пайёми соли ҷашнии 25-солагӣ  барои пешрафти илму маърифати мардуми Тоҷикистон маъниву мароми навин дошта, ҳамчун барномаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, Рушди Давлатро ба пояи илму маърифат мустаҳакам карданро дорад. Ин рисолатро ба мардуми Тоҷикистон муборакбод бояд гуфт, ки мо ба ин сатҳи баланди илмию фарҳангӣ расидем. Ба гуфти Пешвои Миллат Шукри Истиқлолу Ваҳдат, Шукри Ватандорию Пешводорӣ бояд кард. Мо кормандони соҳаи илми табиатшиносӣ ва ҳайётшиносӣ ҷонибдори тамоми матну, мантиқу маънои Пайёми пешвои миллат барои соли ҷашнии-25 солагии 2016 мебошем ва ҳамагонро ба ин ақида даъват менамоем.

Даъват ва дастгирии ҷамъомади кормандони Муассисаи давлатӣ-Лабораторияи имӣ-тадқиқотии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.

Ба ҳам дидан