Семинари муқаддимавии лоиҳаи БРСММ / ГЭФ оид ба бабри барфӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 30 янв. 2017

4 ноябри соли 2016 лоиҳаи БРСММ/ГЭФ оид ба «Ҳифз ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помир-Олой ва Тён-Шон барои ҳифзи бабри барфӣ ва устувории некуаҳволии ҷамоатҳо» семинари муқаддимавӣ баргузор намуд, ки дар он натиҷаҳои бадастомада ва шарикони потенсиалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Натиҷаҳо дар се моҳи аввали татбиқи лоиҳа ва афзалиятҳои барои ҳамкорӣ бо шарикони худ доир ба ҳифзи экосистемаи бабри барфӣ ва таъмини некуаҳволии устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори семинар шарикони эҳтимолӣ аз як қатор муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангал ва идораҳои дигар, инчунин GIZ, «Пантера» ва UNEP (35 иштирокчӣ) ширкат варзиданд.

Бо мақсади ба даст овардани иттилоот ва арзёбии шарикони эҳтимолӣ дар давраи аз 05 то 27 октябри соли 2016 аз ҷониби лоиҳа як қатор корҳои саҳроӣ дар ноҳияҳои Туркистон, Курамин, Зарафшон, қаторкӯҳҳои Ҳисор-Қаротегин, Бадахшони Кӯҳӣ, Тавилдара ва манотиқи Ҷиргатол гузаронида шуд.

Муҳимияти мавзуи ҳифзи бабри барфиро роҳбари барномаи лоиҳаҳо ва ёвари намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон ҷаноби Мубин Рустамов дар баромади худ таъкид намуд. Дар суханронии худ қайд намуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони афзалиятнок барои Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид буда ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои миллии ҳифзи табиат ба таври стратегӣ муҳим мебошад.

Доир ба мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, ҷузъҳои он, инчунин амалӣ намудани он менеҷери лоиҳа ҷаноби Нейматулло Сафаров дар баромади худ иброз намуданд. Қисми асосии ифтитоҳи семинар ба муҳокимаи байни истифодабарандагони захираҳои табиӣ, намояндагони пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бахшида шуда буд. Яке аз масъалаҳои шиддатнок, ки боиси ҳавасмандии иштирокчиён гардид, ин мушкилоти низои байни табиатистифодабарандагон ва бабри барфӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба зарурати нигоҳ доштани экосистемаҳои бабри барфӣ қарор гирифт. Пас аз баррасии муҳокимаҳо  барои татбиқи ин лоиҳа пешниҳодҳои арзишманд ба даст омад  ва шарикони потенсиалӣ, инчунин самтҳои ҳамкорӣ муайян карда шуданд, ки дар ҷараёни  омода намудани нақшаи корӣ барои соли 2017 ва фаъолияти оянда ба назар  гирифта мешаванд.

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Видео