Семинар. Иқдомҳои минбаъда доир ба таҳияи стратегияи чиляии БХГ/ФЭГ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 01 фев. 2016

29 январи соли 2016 бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии "НООСФЕРА» дар толори конфронсии Агентии обуҳавошиносии семинар-машварат дар мавзӯи "Шарҳ ва таҳлили маводҳо барои таҳияи нишондиҳандаҳо барои интихоби манзараҳои (ландшафт) кишвар ва самтҳои афзалиятнок барои ворид намудан ба Стратегияи миллии барномаҳои хурди грантӣ ФГЭ" доир карда шуд. Дар семинар намояндагони созмонҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, намояндагони Конвенсияҳои РИО дар Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд. Намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «НООСФЕРА" бо презентатсияҳо ва маърӯзаҳо баромад намуда, маълумотҳоро оид ба таҳлил ва баррасии самтҳои асосии банақшагирии манзаравӣ ва самтҳои афзалиятноки банақшагирии манзаравӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд. Дар семинар самтҳои афзалиятноки интихоби манзараҳо (ландшафтҳо), нишондиҳандаҳо барои дохил намудан ба Стратегияи миллии Барномаҳои хурди грантӣ ФГЭ мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор дода шуда, минтақаҳои афзалиятнок дар харитаҳо инъикос гардида тавсияҳо ва пешниҳодот оиди манзараҳои афзалиятнок барои дохил намудан ба Стратегияи  БХГ/ФГЭ пешниҳод карда шудаанд.

Ба ҳам дидан

Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

"Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!" дар чаҳорчубаи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ "Ҳифз ва истифодаи самарабахши экосистемаҳои Помиру-Олой ва Тиён-Шон барои ҳифзи Бабри барфӣ ва зиндагонии устувори ҷомеъа" тайёр карда шуда, ба рӯзи байналмиллалии Бабри барфӣ, ки ҳамасола рӯзи 23 октябр ҷашн гирифта мешавад.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат пешбинӣ шуда, дар бораи аҳамият ва арзиши ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва объектҳои шикори он хабар медиҳад.

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Матни пурра бо забони руссӣ

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳисобот маълумотҳо доир ба иҷроиши Конвенсияи Рамар оид ба мавзеҳои обию ботлоқӣ оварда шудаанд. Ҳисобот аз чор Боб иборатӣ мебошад:

Қисми 1. Маълумоти институтсионалӣ, мақомотҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои котиби миллӣ барои амалӣ намудани ин Конвенсия дар сатҳи миллӣ.

Қисми 2. Қисми «матни озод», ки пешниҳодҳои мухтасарро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни пешрафти татбиқи миллӣ ва тавсияҳо барои оянда дар бар мегирад.

Қисми 3. Дарбаргирандаи 66 нишондиҳандаҳо ва  масъалаҳои татбиқи Конвенсия, дар назди ҳар як стратегияи татбиқи Конвенсия ва Нақшаи стратегии барои солҳои 2009-2015 гурӯҳбандӣ, ва бо фасли иловагии «матни озод» барои ҳар як савол нишондиҳандаи, ки дар он Тарафи аҳдкунанда метавонад, агар бихоҳад иттилооти иловаги минбаъда оид ба татбиқи миллии Конвенсия ворид намояд.

Фасли 4. Аризаи иловагӣ ба ҳар кадом Тарафи аҳдкунандае, то мехоҳад ба пешниҳоди маълумоти иловагӣ дар бораи ягон ё ҳамаи ботлоқзорҳои аҳамияти байналмилалӣ дошата (мавзеҳои Ромсар) маълумот ворид намояд.

Матни пурраи ҳисобот бо забони русӣ.

Видео