Семинар - машварат

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 29 дек. 2015

25-уми декабри соли 2015 дар толори конфронсии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахустин семинар аз ҷумлаи силсила семинар-машваратҳо оид ба таҳияи Стратегияи миллии барномаи хурди грантии (БДМ) Фонди глобалии экологӣ (ФГЭ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ (БРСММ) ташкилкунандаи ҷаласаи мазкур Ташкилоти ҷамъиятии «НООСФЕРА» мебошад, ки стратегияи миллиро  барои тақсим ва татбиқи Барномаи хурди грантии ФГЭ марҳилаи истифодабарии (МИ) 6 барои солҳои 2016-2019 таҳия хоҳад кард. Дар семинар зиёда аз 20 нафар намояндагони ташкилотҳои гуногун аз ҷумла ЛИТҲТ (Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат), ММГББ (Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ), ММА НМФҲМЗ ҶТ (Маркази миллӣ барои амалигардонии Нақшаи миллии фаъолият оиди ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон), намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагон аз ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), намояндагони Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим ва гуногунии биологии ҶТ ва директори барнома доир ба энергетика ва муҳити зисти БРСММ иштирок доштанд.

Дар ҷараёни машварат иштирокчиён аз ҷониби намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «НООСФЕРА» презентатсияро оид ба принсипҳои асосии фаъолияти ФГЭ ва афзалиятҳои нав ба марҳилаи истифодабарии (МИ) 6-ро шуниданд. Мақсади асосии семинар таъсис додани андешаҳои аслии намояндагони мушовирони ташкилотҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор дар интихоби ландшафтҳои муайян, инчунин дар меъёрҳо, усулҳо ва асосноккунии интихоби минтақаҳои афзалиятноки муайян буда, ки дар оянда лоиҳаҳо доир ба  Барномаҳои хурди грантии ФГЭ амалӣ хоҳад шуд. Дар ҷараёни муҳокима, иштирокчиён минтақаҳои маъмурӣ, ноҳияҳо ва манзараҳои кишварро мавриди баррасӣ қарор дода кӯшиш намуданд, ки интихоби минтақаҳои афзалиятнокро барои ҳифзи минбаъдаи онҳо асоснок намоянд. Аз ҷониби иштирокчиён аҳамияти дарназаргирии ҳамаи самтҳои дар мафҳуми «ландшафт» буда, аҳамияти мутобиқшавии фаъолияти инсон дар шароити табиӣ-иқлимии муайян барои зиндагии устувор ва ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ-экологии мавҷуд буда, инчунин ба якҷоя намудани ҳамаи ҷонибҳои ҷомеа барои ба даст овардани натиҷаҳои самараноки миллӣ ва глобалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро таъкид намуданд.

Ба ҳам дидан