Шӯрои илмии Муассисаи давлатии Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар нимсолаи якуми соли 2020

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 27 июл. 2020

Доир ба натиҷаҳои дар нимсолаи якуми соли 2020 Шӯрои илмӣ баргузор карда шуд, ки дар он аз ҷониби кормандони илмии Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат натиҷаҳои ба даст омада ва корҳо барои нимсолаи дуюми 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари Лаборатория ба иштирокдорони Шӯрои илмии мазкур дар бораи рафти иҷроиши нақшаи корӣ ва натиҷаҳои ба дастовардаи илмии лаборатория суханронӣ намуда, диққати иштирокдоронро ба маҳсули натиҷаҳои илмӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷалб намуданд. Дар баромадашон қайд намуданд, ки новобаста ба шароити пандемия мутахассисони лаборатория имконият пайдо карда, ба корҳои саҳроӣ сафар намуда, ташхиси экосистемаҳои табиии Тоҷикистони ҷанубиро гузаронида, маҳсулнокии олами набототи хатсайрҳои молгузарро баҳодиҳӣ намуданд.

Ҳамзамон дар баробари иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии саҳроӣ аз ҷониби кормандони илмии лаборатория як қатор мақолаҳо ва дастурамалҳои илмӣ омода ва дар маҷаллаву рӯзномаҳои миллӣ аз чоп бароварда шуданд.

Кормандони лаборатория дар якҷоягӣ бо Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист таҳрири нави матни “Кодекси экологӣ”-ро вобаста ба талаботҳо, ибораҳо ва маҳфумҳои экологӣ омада карда, баъди муҳокимаҳои тӯлонӣ ба Кумита ва таҳиягарони ин ҳуҷҷат барои такмил додан баргардонда шуд. Ин натиҷа моҳияти ба талаботи илмӣ ва ҳуқуӣ мутаносиб кардани асноди қонунгузорӣ буда, барои мутахассисони соҳаи ҳуқуқ комилан саҳми босазо аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар ҷамъбасти Шӯрои илмии мазкур қарор карда шуд, ки теъдоди нашрияҳои илмӣ, маводҳои чопӣ, дастурамалҳо ва тавсияномаҳо зиёд карда шуда, дастраси омма гардонида шаванд ва унвонҷӯён корҳои илмии худро ҷоннок намуда, то охири соли 2020 лоиҳаи рисолаҳои корҳои илмияшонро барои муҳокима дар Шӯрои илмии Лаборатория пешниҳод намоянд.

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео