Натиҷаҳои Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи якуми соли 2020

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 27 июл. 2020

Вобаста ба корҳои амалигашта ва дастовардҳо дар натиҷаи фаъолияти кормандони Марказ дар нимсолаи якуми соли 2020 ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур роҳбари Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист Шерматов Х.Р. ҳисобот пешниҳод намуд, ки дар баромади худ дар нимсолаи якум аз ҷониби кормандони Марказ класификатсияи (тасниф ва табақабандии) нави типологӣ ва харитаи манзарҳои табии (ландшафтҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида шудааст, ки ҳамчун навоварии илмӣ ба ҳисоб рафта барои банақшагирӣ ва батанзимдарории фаъолиятҳо дар самти ҳифзи муҳити зист истифода мегардад. Инчунин доир ба ҳар як манзараҳои табиӣ дар шакли ҷадвалҳо, нақшаҳо ва харитаҳо таснифи манзараҳои табиӣ бо нишондаҳандаҳои экологии манзараҳои табиӣ, проблемаҳои экологии мавҷуда, шумораи аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо доир ба ҳифзи муҳити зист оварда шудаанд, ки барои пешбурди фаъолияти нозирони соҳаи ҳифзи муҳити зист муфид буда, дар ҳолати тағйрёбии иқлим барои мутобиқкунии фаъолияти истифодаи табиат, аз нигоҳи экологӣ зарур мебошад.

Ҳамчунин аз рӯи методикаи Иттиҳодияи Байналмилалии Ҳифзи Табиат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ бо ташреҳу тавсифи ин минтақаҳо бо нишондоди намудҳои нодиру эндемикии ҳайвоноту набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта дар шакли харитаҳо ва нақшаҳо ба субут расонида шудаанд. Ин натиҷаи кор барои пешбурди фаъолиятҳо дар самти ҳифз ва назорати намудҳои нодиру эндемикӣ дар ноҳияҳои экологӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳамчун роҳнамо ва харитаи пайраҳаи фаъолият хизмат мерасонад.

Дар анҷоми ҷаласаи баргузоршуда пешниҳод карда шуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2020 чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии “Об барои рушди устувор” ворид карда шавад ва натиҷаҳои дар шакли маводҳои чопӣ таҳия карда шаванд.

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео