Ҷаласаи Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ доир ба натиҷаҳои дар нимсолаи якуми соли 2020

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 27 июл. 2020

Аз ҷониби Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ санаи 10 июли соли 2020 доир ба фаъолияти дар нимсолаи якуми соли 2020 ба даст оварда, ҷаласа баргузор карда шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Қиёмзода З.С. иштирок доштанд. Дар ҷаласаи мазкур дастовардҳои дар нимсолаи якуми соли 2020 ба даст омада, хусусан оид ба корҳои дар доираи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он иҷрогардида пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки дар нимсолаи якум аз ҷониби мутахассисони Марказ Портали Механизми миёнаравӣ ва Маҳзани маълумотҳо оид ба сарватҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ оид ба сарватҳои генетикӣ таҳия гардидааст. Портали мазкур ҳамчун системаи назоратӣ ва мониторинги гуногунии биологӣ, сарватҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ аз ҷониби ширкатҳои миллӣ ва байналмиллалӣ, ки барои корҳои илмӣ ва тиҷоратӣ равона гаштаанд, мусоидат менамояд ва ахбороти миллӣ доир ба бехатарии биологӣ таҳия гардидааст, ки иҷроиши ҳадафу вазифаҳои Протоколи Картахенӣ доир ба бехатарии биологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Ҳамчунин дар ин давра ба супориш ва ташаббуси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ ва гирифтани фоидаи муштарак аз истифодабарии он” таҳия гардида, дар ҳолати омӯзиши Парлумон қарор дорад. Қонуни мазкур идоракунӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори сарватҳои генетикӣ ва донишҳои анаънавиро тибқи талаботи Протоколи Нагойя доир ба дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ таъмин намуда, нигоҳ доштани сарватҳои генетикиро дар табиат аз нобудшавӣ ва механизми ҳифзи онҳоро ба роҳ мемонад. Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ҳамчун мақомоти салоҳиятдор вобаста ба иҷроиши Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он тарафҳои манфиатдорро ба ҳамкориҳои судманд даъват менамояд.  

 Дар анҷоми ҷаласаи мазкур аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. пешниҳод карда шуд, ки дар ҳисоботҳои муассисаҳо доир ба иҷроиши Барномаҳо ва Стратегияҳои миллӣ, шумораи лоиҳаҳои амалишаванда маълумотҳо дарҷ карда шаванд. Ҳамчунин натиҷаҳои корҳои иҷрошуда тавассути ВАО ба ҷомеа дастрас гардонида шавад.

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео