Табрикоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист 5 июн

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 05 июн. 2020

Ҳамкорони азиз!

5 июн кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро ҷашн мегиранд, ки имсол аз рӯзи эълон гаштанаш 48 сол пур мешавад. Ин иқдоми байналмилалӣ аз “Муроҷиатномаи Ментовӣ” ба Китоби генералии СММ сарчашма мегирад. Муроҷиатномаи мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҷанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар он олимон бонги хатар зада буданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок доштанд. Иштирокчиёни  конфронс қарор доданд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ҳар сол 5 июн таҷлил гардад. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.

Имрӯз ҳифзи муҳити зист ба яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, тундбодҳо, норасоии оби ошомиданӣ, олудашавии ҳавои атмосфера, зиёд шудани партовҳои истеҳсолию маишӣ, бахусус зарфҳо ва дигар маводи пластикӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дигар офатҳои табиӣ, ташвиши мардуми сайёраи Заминро дучанд намудаанд.

Бинобар ин, вазъияти экологии ҷаҳони имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бармаҳал ҷустуҷӯ карда шавад, инчунин ҳар фарди ҷомеа бояд дар ин масъала бетараф набошад, балки дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин мушкилот саҳми худро гузорад. Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври дастаҷамъона ва қатъӣ баҳри ғамхории ӯ зоҳир накунем, оқибатҳои ногувори он бар зарари иқтисодиёту иҷтимоиёт ва сиёсии на танҳо мардуми мо, балки бар кулли давлатҳои ҷаҳон хоҳад буд.

Табиатро модари башарият унвон медиҳанд, аз ин рӯ масъалаи ҳифзи муҳити зист дар мисоли муҳофизати замин, об, ҳаво гуногуншаклии биологӣ ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар маҷмӯъ рукнҳои асосии ҳифзи Ватан ба ҳисоб мераванд, дар замони ҳозира аз масъалањои муҳими рӯз ва аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад.

Кормандони Кумита хуб дарк менамоянд, ки пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи истифода ва ҳифзи табиат назар ба бартараф намудани оқибатҳои нохуш ва ислоҳнашавандаи онҳо афзалтар аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки дар шаҳрвандони мо барои қабули қарорҳо, иштироки фаъол дар пешравии ҷамъият донишҳои хуби экологӣ дошта бошанд, ки барои инкишофи пешраванда ва рушди устувори ҷамъият заруранд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақомоти давлатии назоратӣ дар соҳаи ҳифзу истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу ҳаво, набототу ҳайвонот, ҷойгиронию безараргардонии партовҳо, таъмини бехатарии экологии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои муайяне амалӣ карда истодааст.

Пешбурди назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, пешгирии қонуншиканӣ дар истифодабарии сарватҳои табии, ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ дар корхонаҳо тибқи меъёрҳои тасдиқшудаи экологӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру диёру кишвар, гулкорию кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои фаҳмондадиҳиву ташвиқотии ҳифзи табиат самтҳои асосии назорати соҳавӣ ба ҳисоб мераванд, ки баҳри тақвияти онҳо аз ҷониби Кумита тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд.

Кумита ҳамасола гузаронидани конфронсу вохӯриҳо, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ташкилоту муассисаҳо, дигар чораҳои назоратию тарғиботиро ба нақша гирифта, таввасути иҷрои ин корҳо сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зистро пеш мебарад. Яке аз чорабиниҳои муҳими соҳавӣ ин эълон гаштани озмунҳои экологӣ байни хонандагону донишҷӯён ва рӯзноманигорон мебошад, ки бо он ҳазорҳо нафар наврасону ҷавонон ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҷалб мегарданд. Ғолибони ин озмунҳо бо диплому ифтихорномаҳои Кумита ва маблағҳои пулӣ сазовор гардонида мешаванд.

Соли равон вобаста ба паҳншавии бемории сирояткунандаи COVID-19 ин чорабинӣ дар реҷаи онлайни электронӣ гузаронида мешавад ва садҳо истифодабарандагони шабакаи интернет дар он иштирок хоҳанд кард.

Яке аз самтҳои муҳити фаъолияти Кумита ин таҳкими ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи экологии ҷумҳурӣ, ҷалби маблағгузории грантӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти зиндагии мардум, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, иҷрои талаботи Конвенсияҳои экологии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷода низ ҳамасола корҳои зиёде амалӣ мегарданд.

Боварии комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон табиати Ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли шаҳрвандии худро нишон медиҳанд ва саҳми арзандаи худро мегузорад.

Аз лаҳзаи фараҳбахши ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист истифода намуда, ҳамаи Шумо, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дӯстдорони табиатро бо ин иди соҳавӣ ва умумиҷаҳонӣ табрику муборакбод менамоям, барои ҳамаи шумоён зиндагии шоиставу муваффақиятҳои меҳнатиро баҳри пешрафти минбаъдаи Ватани азиз таманно мекунам.

Саломат бошед!

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео