Ҷаласаи кории Кумитаи миллӣ доир ба ҳифз ва идоракунии устувори экосистемаҳои бабри барфӣ ва объектҳои шикории он дар мавзеи зист

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 12 мар. 2020

Тоҷикистон шуруъ аз соли 2012 аъзои Эъломияи Бишкек оид ба нигоҳдории бабри барфӣ мебошад. Дар доираи Эъломияи Бишкек, Барномаи глобалии ҳифзи барфи барфӣ ва экосистемаҳои он (БГҲББЭ, 2013) кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки давлатҳои дар онҳо бабри барфи вуҷуд доштаро бо ҳам бипайванданд то, ки дар якҷоягӣ хавфҳои таҳдидкунанда ба бабри барфиро эътироф кунанд ва ба худ ӯҳдадориҳои ҳамоҳангшудаи миллӣ ва байналмилалиро қабул намоянд.  Асоси БГҲББЭ-ро маҷмӯи 12 афзалиятҳои миллӣ оид ба нигоҳдории бабри барфӣ ва экосистемаҳои он ташкил медиҳад (БГҲББЭ), ки аз ҷониби ҳар як давлати дорандаи бабри барфӣ таҳия шудааст.

Тоҷикистон бо мақсади дастгирии татбиқи афзалиятҳои асосӣ стратегияи тадбирҳоро таҳия намуд, ки асоси лоиҳаи ФЭГ-БРСММ "Ҳифз ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помир-Олой ва Тян-Шон доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии ҷамоаҳо дар Тоҷикистон" мебошад. Ҳадафҳои лоиҳа: (1) пешгирии минбаъдаи вайроншавии ландшафтҳои бабри барфӣ ва объектҳои ғизоии он дар Тоҷикистон, (2) нигоҳдорӣ ва / ё барқарор кардани мавзеъи зисти асосии бабри барфӣ ва объектҳои шикории он дар ин ландшафтҳо; (3) баланд бардоштани устувории чарогоҳҳо ва ҷангалҳо дар минтақаҳои асосии бабри барфӣ ва объектҳои шикории он; (4) кам кардани таҳдиди мустақим барои зинда мондани бабри барфӣ ва объектҳои шикории он дар макони зисти Бабри барфӣ.

Мақомоти махсуси машваратии доимӣ «кумитаи миллӣ» бо иштироки мутахассисон ва коршиносони бисёрҷонибаи миллӣ бо максади таҳия кардани тавсияҳо ва пешниҳодҳо дар давоми кори лоиҳа таъсис дода шудааст.

7 марти соли 2020 бо мақсади таҳияи механизмҳои иҷрои вазифаҳо ва фаъолиятҳои стратегӣ дар соли 2020 ҷаласаи навбатии Кумитаи миллӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳо ва тавсияҳои арзёбии миёнамуҳлати лоиҳа, қарордоди қабулшудаи кумитаи минтақавии GSLEP ва татбиқи он дар Тоҷикистон, усул ва роҳҳо доир ба татбиқи барномаҳои лоиҳа барои соли 2020 баррасӣ шуданд.

Дар мухокимаронихо масъалаҳои мазкур мухокима карда шуданд:

  • Ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ
  • СМАРТ посбонӣ ва истифодаи технологияҳои мобилӣ;
  • SLIM мониторинг; 
  • Ҳамкориҳои минтақавӣ;
  • Озмоиши барномаҳои инноватсионии минтақавии GSLEP ва иштирок дар чорабиниҳо доир ба хифзи бабри барфӣ;
  • Нақшаи амал ва таҳияи механизмҳои татбиқи он
  • Мониторинги Барномаи грантҳои хурд ва арзёбии самарабахшии иҷтимоию иқтисодии онҳо;
  • Барномаҳои иттилоотӣ ва рӯйдодҳо дар доираи минтақаҳо ва дар тамоми мамлакат;
  • Дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани сомонаи чорабиниҳо (сайт-ивенты) дар шакли онҳо;
  • Интишорот ва PR – маводҳо;
Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео