Семинари корӣ оид ба татбиқи низомномаи Конвенсияи СИТЕС дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 05 дек. 2019

27-29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Бишкек Кирғизистон семинар оид ба Конвенсияи СИТЕС дар мавзӯи "Иҷрои Конвенсияи СИТЕС дар Осиёи Марказӣ" барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Семинар оид ба татбиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи тиҷорати байналмилалии намудҳои нобудшавандаи олами ҳайвонот ва наботот бахшида шуда буд. Дар семинар намояндагони давлатхои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз вазорату идораҳои дахлдор, академияҳо, ташкилотҳои чамъияти ва намояндагиҳои БРСММ дар ин кишварҳо ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро кормандони Маркази миллии гуногуни ва бехатарии биологӣ ва Маркази миллии татбиқи ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Пажӯҳишгоҳи Зоология ва Паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги намуданд. Аз чониби намояндагони Тоҷикистон презентатсия ва ҳисобот дар бораи муқаррароти СИТЕС дар Тоҷикистон, фаъолияти СИТЕС дар Тоҷикистон, намудҳои олами ҳайвонот ва наботот ки ба СИТЕС ворид шудаанд, муайян кардани қонунвайронкунӣ дар тиҷорати ҳайвонот ва наботот, ҳолати саршумори ҳайвонот ва наботот, раванди ҳалли онҳо ва додани квотахо барои шикор муаррифи карда шуд.

Дар семинар масъалаҳои марбут ба молҳои савдо (ҳайвонот ва растаниҳо) дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он, мавқеи СИТЕС ва нақши он, манъи савдо ва вайрон кардани конвенсия, танзими савдо, муайянкунии қонуншиканӣ, сатҳи ҷаримаҳо, баҳисобгирӣ, додани иҷозатҳо ва ҳисоботи солона, нақши агентиҳои гуногуни миллӣ дар мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии олами ҳайвонот, ташкил ва идора кардани квотаҳои миллии шикор, баррасии бархӯрдҳо дар минтақа дар мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии олами ҳайвонот ва олами наботот, нақши Барномаи глобалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он ва муҳокимаи роҳҳои рафъи мушкилот бо риояи Конвенсияи байналмилалии СИТЕС оид ба тиҷорати байналмилалии намудҳои олами ҳайвонот ва растани ки зери хатар қарор доранд мухокима шуданд.

Дар рафти мубоҳисаҳо масъалаҳои мубрами мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии олами ҳайвонот ва наботот, танзими савдо, муайянкуни ва додани квотаҳои шикорӣ, намудҳои олами ҳайвонот ва наботот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Қайд карда шуд, ки яке аз роҳҳои паст кардани хавф ва кам кардани хатар муқаррар намудани квотаҳои миллии содиротӣ мебошад.

Тибқи маълумоти котиботи СИТЕС, тиҷорати ҷаҳонии ғайриқонунии намудҳои ҳайвоноти нодир дар як сол беш аз якчанд миллиард долларро ташкил медиҳад. ҳам ҳайвонот ва ҳам ҳосилаҳои онҳо (пӯст, шох, гӯшт ва ғайра) ба фуруш монда мешаванд. Конвенсияи СИТЕС махз барои муқобилат кардан бо ин зухурот таҳия шудааст. Дар айни замон, беш аз 180 кишвари дунё аъзои СИТЕС мебошанд. Тоҷикистон соли 2016 Конвенсияи СИТЕС-ро ба тасвиб расонидааст.

СИТЕС ин конвенсияи илмӣ дар бораи тиҷорати байналмилалии намудҳои олами ҳайвонот ва наботот мебошад. СИТЕС - созишномаест, ки байни 183 кишвар баста шудааст ва қоидаҳои байналмилалии фурӯши ҳайвонот ва наботоро муқаррар мекунад. Конвенсияи СИТЕС 3 марти соли 1973 ба имзо расидааст ва дар соли 2013 Ассамблеяи Генералии СММ 3 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии олами хайвонот ва наботот эълон кард. Он соли 1975 эътибор пайдо кард ва ҳоло, пас аз 40 сол, яке аз воситаҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ боқӣ мемонад. Имрӯзҳо, СИТЕС тиҷорати байналмилалии беш аз 37,000 намуди растаниҳо, ҳайвонот ва маҳсулоти онҳоро танзим мекунад, ки зинда мондани намудҳо, некӯаҳволии ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ҳифзи муҳити зистро таъмин мекунад.

 

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео