«Гуногунии биологии мо, ғизои мо, саломатии мо» - шиори Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 01 июн. 2019

Имсол Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ (22 май) таҳти шиори «Гуногунии биологии мо, ғизои мо, саломатии мо» баргузор гардид, ки ин рамзи робитаи байни табиатамон ва некӯаҳволии инсоният мебошад.  

Дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар арафаи Рӯзи ҳифзи табиат дар ш. Хуҷанд конференсия бо иштироки олимон ва мутахассисон доир ба ҳамкорӣ ва стратегияи нави нигоҳдории гуногунии биологӣ то давраи баъди соли 2020 баргузор карда шуд. Дар конференсияи илмии ш. Хуҷанд масъалаҳои асосии марбут ба рушд ва саҳми илм, тадқиқот ва татбиқи онҳо дар рушди устувори кишварамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти кори конференсия иштирокчиён оид ба мушкилоте, ки имрӯз дар табиат ва умуман дар муҳити мо мавҷуданд, мубодилаи афкор намуданд ва ҳалли масъалаҳои ҷории рушд ва ҳифзи захираҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.   

Ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Нейматулло Сафаров вохӯриро оғоз намуда, оид ба мақсад ва вазифаҳои баргузории конференсия суханронӣ намуданд. Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бунёд Абдумаликзода ба иштирокчиёни конференсия хайрамақдам гуфт. Қайд гардид, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир масъалаи нигоҳдории гуногунии биологӣ яке аз проблемаҳои глобалӣ дар замони кунунӣ мебошад, ки ин на танҳо нигаронии олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро овардааст. Ҳамаи иштирокчиён нигаронии худро оиди ҳифзи ҳаёт дар рӯи замин, дар ҳифзи экосистемаҳои нодири  кӯҳии Тоҷикистон ва гуногунии биологии табиат қайд намуданд. Дар конфренсияи мазкур афзалиятҳо ва самтҳои нав доир ба  ҳамкории миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ зикр гардиданд, ки оиди он ҳамоҳангсози Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ба Котиботи Конвенсия барои инъикоси ин Консепсияи глобалии ҳифзи гуногунии биологӣ барои давраи то соли 2050 хабар медиҳад.

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео