Нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳамроҳ намудани мавзӯи гуногунии биологӣ ба барномаҳои омӯзишӣ-таълимӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 30 ноя. 2018

27-уми ноябри соли 2018 дар доираи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Кӯмаки техникӣ ба мамлакатҳои салоҳиятдор барои таҳияи Ҳисоботи шашуми миллии КГБ” дар толори конфронсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинар баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои муҳими рӯз вобаста ба ҳолати кунунии гуногунии биологии Тоҷикистон, тамоюли тағйирёбии он, таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ, хусусан ба ҳолати олами наботот муҳокимаронӣ шуд.  

Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби кормандони лоиҳаи мазкур баргузор шуда буд зиёда аз 40 нафар мутахассисони соҳаи биология, зоология, донишҷӯён, муаллимон ва мудирони кафедраи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд. 

Мувофиқи Барномаи семинар кор дар гуруҳҳо гузаронида шуд, ки ба иштирокчиён ташаккул ва баёни биниши раванди худ дар нигоҳдори гуногунии биологӣ ва таҳияи чораҳои мутобиқсозӣ барои гуногунии биологии миллӣ дар ҳамаи сатҳҳои ташкилиро имкон дод. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки донишҷӯён дар ҷараёни муҳокимаронӣ фаъолона иширок намуданд.

Дар охири семинар муаллимон дар якҷоягӣ бо донишҷӯён ҷорӣ намудани мавзӯи гуногунии биологӣ ба раванди омӯзишӣ-таълимиро муҳокимаронӣ намуданд. Ҳамаи иштирокчиёни семинар доир ба ин мавзӯъ фикру ақидаи худро иброз намуданд. Иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки омӯзиши намуди гуногунии биологӣ ба барномаи таълимии факулӣтаи мазкур ҷорӣ карда шавад.

Ҳамаи иштирокчиёни семинар оиди гуногунии биологӣ, стратегияи нигоҳдории растаниҳо ва доир ба муҳимияти ҷорӣ намудани масъалаҳои гуногунии биологӣ ба соҳаи таълимӣ бархурдор шуданд. 

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео