Таҳияи Ҳисоботи шашуми миллӣ доир ба нигоҳдории гуногунии биологӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 01 сен. 2018

Тибқи қарори Конфронси Тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (Канкун, Мексика, 2016 с.) Тарафҳои Конвенсия ба таҳияи Ҳисоботи шашуми миллӣ доир ба гуногунии биологӣ оғоз намуданд.

Дар доираи қарори қабулшуда бо дастгирии Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (БРСММ) амалигардонии лоиҳа доир ба кӯмаки техникӣ ба кишварҳои дахлдора барои омодасозии Ҳисоботи шашуми миллӣ оғоз шуд.

Мақсади ин лоиҳа дастгирии Тарафҳо дар таҳияи ҳисоботҳои баландсифат мебошад, ки дар он ба таври холисона тамоюли нигоҳдории гуногунии биологии кишвар дар доираи афзалиятҳои миллӣ ва вазифаҳои мақсаднокӣ ҷаҳонӣ инъикос мегардад. Дар марҳилаи ибтидоии лоиҳаи БРСММ дар ҳамкорӣ бо шарикон ва ташкилотҳои манфиатдор сохтори (мундариҷа) Ҳисоботи миллӣ ва тартиботи ташаккулёбии он тартиб дода шуд.    

Бо мақсади муҳокимаи сохтор ва мӯҳтавои ҳисобот, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва муайян намудани механизми амалигардонии лоиҳа – 16 августи соли 2018 дар толори конфронсии меҳмонхонаи “Атлас” семинари муқаддиавмии лоиҳаи БРСММ/ФГЭ "Мусоидати техникӣ ба кишварҳои дахлдор барои таҳияи Ҳисоботи шашуми миллии Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ" баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагони ташкилотҳои манфиатдор, шарикон аз вазорату идораҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва муассисаҳои илмӣ ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ сохтори ҳисобот, нақшаи иҷрои лоиҳа, тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот аз манбаъҳои гуногун ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд. Иштирокчиён бо пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои худ ва тавсифи соҳаҳои потенсиалӣ барои ҳамкории муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳисоботи шашуми миллӣ бояд баррасии ниҳоии натиҷаҳои татбиқи Нақшаи стратегии  ҳифзи нигоҳдории гуногунии биологӣ дар солҳои 2011-2020 ва татбиқи ҳадафҳои мақсадноки Айчи, аз ҷумла ҳадафҳои дахлдори миллиро дар бар гирад. Маълумоти дар ҳисоботи шашуми миллӣ оварда шуда асос дар таҳияи минбаъдаи Нақшаи стратегӣ баъд аз ин даҳсола  хоҳад буд ва дар таҳияи Стратегияи глобалӣ доир ба гуногунии биологӣ баъд аз соли 2020 кӯмак хоҳад кард.

Дар натиҷаи семинар дар сохтори хисобот иловаҳо, тағйиротҳо ва ислоҳот ворид мегардад ва ҳисоботи муқаддимавӣ омода шуда дар муддати 10 руз бо суратмаҷлис тасдиқ карда мешавад.

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Видео