
Конфронси дуюм оид ба мусоидат ҳифзи ҷомеаҳо дар Монреали, Квебеки Канада, 4-8 июли соли 2018 гузаронида шуд.
Ин чорабинӣ идомаи конфронси умумиҷаҳоние, ки дар Дурбан соли 2015 баргузор гардида буд, мебошад. Он як қатор ҷамоатҳо ва фаъолонеро аз тамоми ҷаҳон, ки дар ҳифзи ҷангалҳо ва гуногунии биологӣ иштирок мекунанд, ҷамъ овард. Намояндагиҳои ҷамъиятӣ, халқҳои маҳаллӣ, гурӯҳҳои занон, ҳукуматҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иштироккунандагон саҳми арзишмандро, аз ҷониби ҷомеа барои ҳимояи “Модар- Замин” қайд карданд.
Дар тамоми ҷаҳон боиси ташвишаст, ки чорабиниҳои асосии оид ба ҳифзи табиат ҷомеаҳо ва халқҳои маҳаллӣ, ки дар ҷангалҳо ва дигар экосистемаҳо ҳазорсолаҳо зиндагӣ мекунанд, мутаҳид мекунанд. Қайд кардан зарур аст, ки ин таасурот тадриҷан тағйир меёбад. То рафт эҳсос мешавад, ки ҷомеаҳои маҳаллӣ бояд шарикони ҳифзи табиат бошанд ва ҳуқуқҳои ҳудудии онҳо таъмин карда шаванд. Ташкилоти умумиҷаҳонии ҷангал солҳои тӯлонӣ дар ҳамкории бастаҷаъми бо созмонҳои бисёр ташкилотҳо ва ҷунбишҳои халқҳои маҳаллӣ ва ғайримаҳаллие, ки Ташаббус доир ба ҳифзи устувори ҷомеаҳо (CCRI) номида мешавад, доранд.
Ин ташаббус барои рушди тавсияҳои мушаххаси сиёсӣ барои татбиқи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва нақшаи стратегии он нигаронида шудааст. Конфронси баргузоршуда муколамаи глобалӣ байни гурӯҳҳои гуногуни роҳбарон ва ҷонибҳои манфиатдор оид ба тарғиб намудани устувории ташаббусҳои ҳифзи ҷомеҳо дар робита бо таҳдидҳои зиёди онҳо рӯ ба рӯ шудааст.
Ташаббус доир ба ҳифзи устувори ҷомеаҳо (CCRI) тадқиқоти арзёбӣ аз рӯи принсипи "аз поён боло" дар 22 давлат гузаронид ва устувории ташаббусҳои ҳифзи ҷомеаро тасдиқ кард. Дар ин ташаббус ҳодисаҳои ҳифзи ҷомеаҳо дар Чили, Колумбия, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Гурҷистон, Гана, Ҳиндустон, Эрон, Кения, Ҷумҳурии Қирғизистон, Малайзия, Непал, Панама, Парагвай, Русия, Самоа, Ҷазираҳои Соломон, Африқои Ҷанубӣ, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Танзания ва Уганда қайд карда шудааст. Таҳияи ҳисоботи глобалӣ дар асоси 10 тадқиқоти арзёбӣ дар рафти охирон конфронси ҷаҳонӣ дар соли 2015 оғоз гардид. Дар Монреал, гузориши дуюми ҷаҳоние, ки 12-тои таҳқиқотро дар бар мегирад, кушода шуд.
Сарчашма: https://globalforestcoalition.org
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734025, кӯч. Шевченко 47
Тел.: +(992 48) 7012546, 7022546, +(992 37) 2212546
Факс: +(992 37) 2212546
Почтаи эл.: biodiv@biodiv.tojikiston.com
Сомона: www.biodiv.tj