Ҷаласаи машваратӣ оид ба ҳамкории фаромарзи дар масоили ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ

Ахбор (Бойгонии хабарҳо) | 30 ноя. 2018

16 июли соли 2018 дар ш.Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаласаи машваратӣ оид ба ҳамкории фаромарзи дар соҳаи ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ба кори худ шуруъ кард. Ин ҷаласа дар чорчубаи созишномаи Бишкек доир ба ҳифзи  бабри барфӣ ташкил шудааст.

Вакилони Тоҷикистонро дар ҳайати шаш мутахассиси БРСММ дар Тоҷикистон ва Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муҳокимаи масоилҳои  ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ  дар фарзаминҳои  фаромарзии  чор давлати Осиёи Маркази (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) иштироки фаъолона кардаанд.

Мақсади асосии ин ҷаласа мубодилаи  таҷриба ва малака доир ба масъалаҳое, ки дар ин лоиҳа дар чорчубаи барномаи умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ маҳсуб меёфт. Дар раванди ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро ду маърӯза ва як видеоролик оид ба экосистемаҳои ҳифзи бабри барфӣ муаррифи карда шуд. Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолият ва пешрафти лоиҳаи БРСММ/ФГЭ оида ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар Тоҷикистон, ки барои расидан ба ҳадафҳои глобалии Айчи ва ҳадафҳои асосии рушди устувор (алахусус мақсадҳои 1,5,7 ва 15), инчунин афзалиятҳои миллӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи миллӣ ва Барномаи амал оид ба  ҳифзи гуногунии биологӣ, инчунин Барномаи давлатии экологӣ муқарар карда шуда буданд, равона карда шуда буд. Аз он ҷумла қайд карда шуд, ки  дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда, инчунин як қатор семинарҳо ва дигар чорабиниҳое, ки бо ҳамкорони илмӣ гузаронида шуда буданд муносибати аҳолии маҳалӣ  ва масъалаҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва умуман ба ин  ҳайвони хело  нодир  тағйир ёфтааст. Бо мақсади  боз ҳам  паст кардан ё ба андозаи поён фуровардани низои баёни аҳолӣ  ва бабри барфӣ, инчунин  пешниҳод ба амал оварда шуд, ки оғилҳо ё кашарҳои маҳалӣ бояд ҳарчи зудтар  таъмир ва тамдид карда шаванд, инчунин   дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва васеъ ба роҳ монда шуда вазъи чарогоҳҳои дар минтақаи  зисти бабри барфӣ  хуб карда шавад. Намояндагони лоиҳа қайд карданд, ки ин ва дигар чорабиниҳои амалӣ  ба беҳдошти муносибати одамон ба ин намуди ҳайвон таъсири мусбат  расонданд. 

Дар баромадҳо, инчунин қайд карда шуд, ки  дар ин масъала, алалхусус  дар масъалаи ҳамкории хело зичи  аҳоли бо  мақомоти давлатии оид ба ҳифзи табиат ва мақомотҳои назораткунанда дар масъалаи беҳдошти назорат оиди вазъ ва баҳодиҳии бабрҳои дар минтақаҳои  фаромарзӣ ва пунктҳои аҳолинишин ба як натиҷаҳои хуб оварда расонад. Алалхусус як қатор  интошорот дар мавзӯи “Бабри барфӣ - ифтихори миллии Тоҷикистон”  бисёр мароқавар буд. Ки аз нигоҳи таърихи андешаи одамон нисбати  бабри барфӣ ҳамчун як ҳайвони муқадас  қайд карда шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа, инчунин муаррифоти намояндагони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон пешниҳод карда шуд ва муҳокима қарор гирифт.

Лоиҳаи Тоҷикистон БРСММ-ФГЭ, инчунин намоишномаи маводҳои фаҳмондадиҳӣ  ва маърифатии чопшударо ташкил намуд, ки дар онҳо доир ба масъалаҳои гузаронидашуда баҳои баланд дода шуданд ва як қатор тавсифҳои амали барои паҳн кардани ин таҷриба  дар минтақаҳо қайд карда шуданд.

 Ҳайати Тоҷикистон дар таҳия ва таҳрирӣ лоиҳаи ёддошти тафоҳум ва нақшаи амал оид ба ҳамкории якҷоя дар масъалаи ҳифзи бабри барфӣ ва манзараҳои он Тян-Шони Ғарби ва Помир-Олой нақши махсус гузошт. Як қатор пешниҳодҳои Тоҷикистон  оид ба таҷдид ва оид ба иловаҳо доир ба ёддошти тафоҳум  ҳамчун асос қабул карда шуданд. Доир ба ин масъала  қарори дахлдор қабул карда шуд. Вохурии мазкур аввалин иқдоме буд, доир ба амалиёт, ки ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ  дар манзараҳои фаромарзии Тян-Шони Ғарби ва Помир-Олой равон карда шуда буд.

Мувафақияти назарраси ҷаласаи гузашта ин ҳамоиш ва тафоҳуми мутахассисони давлатҳои иштироккунандаи ин ҷаласа оид ба ҳифз ва истифодаи устувори экосистемаҳои  бабри барфӣ  дар 24 ландшафтҳои куҳӣ буд. Қарор қабул карда шуд, ки ҳамаи ташабусҳои давлатҳои иштироккунандаи ҷаласаро  оид ба таъмини прогресс дар масъалаҳои ҳамкорӣ фаромарзӣ дастгирӣ карда шавад.

 

Ба ҳам дидан

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео