Наботот, Ҳайвонот ва ҲММТ

Махзани электронии заминаи сифатан нави истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, ташкил ва тақсими васеи иттилоот (маълумоти воқеӣ ва харитасозӣ, матн, графика, садо, хабарнигори, видео ва ғайраро) дар бар мегирад. Мақсади асоиси махзани маълумот оид ба гуногунии биологӣ ин ҷамъоварӣ ва захираи иттилоот барои такмил додани муассири идоракунии муҳити зист, қабули қарорҳо барои ҳифзу нигоҳдори тавассути ҷорӣ намудани бонки маълумот, ки имкон медиҳад, маълумоти дахлдоро оид ба ҳолати системаҳои табиӣ ва қисматҳои алоҳидаи он ба осонӣ дарёфт намудан мебошад. Ҳамчунин, базаи системаи иттилоотии маълумоти заруриро барои назорат ва мониторинги соҳаи ҳифзи муҳити зист дар банақшагирии сиёсати экологӣ ба ҳокимияти давлатӣ ва иҷроияи маҳалии ваколатдор таъмин менамояд.

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТ ОИД БА НАБОТОТ

Махзани маълумот оид ба Флора олами наботот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси 10 ҷилди Флора Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст. Қисмати «Флора» ҳоло дар марҳилаи пур кардани маълумот мебошад. Маълумотҳоро дар сатҳи минтақаҳои ҷуғрофӣ барои ҳар як намуд бо тавсифу тасвир, инчунин ҷустуҷӯ бо интихоби маълумот бо якчанд параметр ва сурату харитаҳои намудҳо дарёфт кардан мумкин аст.

 

Гузариш ба махзани маълумот оид ба наботот

 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТ ОИД БА ҲАЙВОНОТ

Махзани маълумот дар бораи олами ҳайвонот Фауна дар асоси 20 ҷилди Фаунаи Тоҷикистон омода карда шудааст. Блоки «Фауна» ҳоло дар марҳилаи пур кардани маълумот қарор дорад. Маълумотҳоро доир ба намудҳои ҳайвонот дар сатҳи минтақаҳои ҷуғрофӣ сохторбандӣ карда шудааст. Доир ба ҳар як намуд маълумотҳо дар шакли тасниф, тасвир, инчунин ҷустуҷӯи худро бо интихоби якчанд парметрҳо бо суратхои ва харитаҳои намуд дарёф карда метавонед.

 

Гузариш ба махзани маълумот оид ба ҳайвонот

 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТ ОИД БА ҲММТ

Махзани маълумот доир ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табии Тоҷикистон маълумотҳоро доир ба мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои ва паркҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад. Маҳзани маълумот доир ҲММТ имконият медиҳад массъалаҳои гуногунҷабаҳаи гуноугнии биологиро доир ба мониторинги муҳити зист ва гуногунии биологӣ, баҳодиҳии ҳолати мавзеҳо, андешидани чораҳоро доир ба пешгӯи динамикаи гуногунии биологӣ вобаста ба сарбории рекреатсионӣ ба роҳ монд.

Гузариш ба махзани маълумот оид ба ҲММТ

Поделиться

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Ҳифзи бабри барфӣ дар Помир

Дар интишороти омодашуда маҷмӯи натиҷаи лоиҳа ва натиҷаҳои вохӯриҳои кории гузаронидашуда бо намояндагони ташкилотҳои шарикии ҳадафманд дар ҳудудҳои лоиҳаи ВМКБ қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои гирифташударо тасвир мекунад, пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин, дар интишорот тавсифот ва маълумот дар бораи сафарҳои саҳрои  дохил шуданд.

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Бюллетени маълумотӣ  оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бюллетени маълумотӣ оид ба натиҷаҳои ташаббуси ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (январ-марти соли 2018)

Бо нусхаи пурраи бюллетен шумо метавонед  ҳангоми дархост кардан  ба суроғаи biodiv@biodiv.tojikiston.com шинос шавед.

Видео