Дар бораи ЛИТҲТ

Муассисаи давлатии «Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат», (ЛИТҲТ) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 189 аз 24 апрели соли 2008 дар асоси номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсист ёфтааст.

ЛИТҲТ муассисаи илмию тадқиқотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, буда бо мақсади омӯхтан ва асоснок намудани фаъолиятҳои ҳифзи табиат, экология, истифодаи самараноки табиат таъсис дода шуда, мутобиқи Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муассисаҳои давлатӣ фаъолияташро амалӣ месозад.

Ҷаласаи кории ЛИТҲТ

МАҚСАД ВА ВА3ИФАҲО

Мақсади асосии ЛИТҲТ, асонок намудан ва пешгӯи кардани фаъолиятҳои ҳифзи табиат ва истифодаи табиат бо шумули нақшаву барномаҳо, ояндабинии экологӣ ва фаъолиятҳои ҳифзи муҳити зист мебошанд.

Вазифаҳои асосии ЛИТҲТ инҳо мебошанд:

  • омӯхтани таъсири фишори антропогенӣ ба ҳолати экосистемаҳои табиӣ;
  • баҳисобгирии намудҳои эндемикӣ;
  • иштирок ва гузаронидани мониторинги ҳолати экосистемаҳо;
  • тартиб додани харитаҳои экологӣ;
  • таҳия намудани маҳзани маълумотҳои илмӣ доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиат дар ҳолати ивазшавии иқлим;
  • гузаронидани тадқиқотҳои омӯзишӣ дар маҳалҳо доир ба омӯхтани захираҳои табиӣ ва ҳолати онҳо;
  • иштирок дар экспертизаҳои миллӣ ва минтақавии экологӣ;
  • ба чоп расонидани натиҷаи корҳо дар асарҳои илмӣ, монографияҳо ва дигар сарчашмаҳои илмӣ-техникӣ;
  • таҳияи барномаҳои илмӣ-тадқиқоти доир ба ҳифзи табиат ва экология;
  • иштирок дар иҷрои барномаҳои ҷаҳонӣ, минтақавии илмӣ-экологӣ;
  • ташкили конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар доир ба корҳои экологӣ ва ҳифзи табиат;
  • таҳияи ҳуҷҷатҳои илмӣ-таҷрибавӣ, методикӣ, лоиҳавӣ, ки ба истифодабарии оқилонаи табиат, принсипҳои ҳифз ва беҳдошти захираҳои табиӣ равона шудаанд;
  • дар доираи имкониятҳои молиявӣ корҳои интишориро, ки ба хилофи қонунҳо нестанд, анҷом медиҳад. 
Поделиться
Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!

"Мероси миллии Тоҷикистонро ҳифз менамоем!" дар чаҳорчубаи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ "Ҳифз ва истифодаи самарабахши экосистемаҳои Помиру-Олой ва Тиён-Шон барои ҳифзи Бабри барфӣ ва зиндагонии устувори ҷомеъа" тайёр карда шуда, ба рӯзи байналмиллалии Бабри барфӣ, ки ҳамасола рӯзи 23 октябр ҷашн гирифта мешавад.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат пешбинӣ шуда, дар бораи аҳамият ва арзиши ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва объектҳои шикори он хабар медиҳад.

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Бехатарии биологӣ ва муҳити зист: Муқаддима ба Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ

Матни пурра бо забони руссӣ

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОБОТИ МИЛЛӢ ДОИР БА ИҶРОИШИ КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳисобот маълумотҳо доир ба иҷроиши Конвенсияи Рамар оид ба мавзеҳои обию ботлоқӣ оварда шудаанд. Ҳисобот аз чор Боб иборатӣ мебошад:

Қисми 1. Маълумоти институтсионалӣ, мақомотҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои котиби миллӣ барои амалӣ намудани ин Конвенсия дар сатҳи миллӣ.

Қисми 2. Қисми «матни озод», ки пешниҳодҳои мухтасарро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни пешрафти татбиқи миллӣ ва тавсияҳо барои оянда дар бар мегирад.

Қисми 3. Дарбаргирандаи 66 нишондиҳандаҳо ва  масъалаҳои татбиқи Конвенсия, дар назди ҳар як стратегияи татбиқи Конвенсия ва Нақшаи стратегии барои солҳои 2009-2015 гурӯҳбандӣ, ва бо фасли иловагии «матни озод» барои ҳар як савол нишондиҳандаи, ки дар он Тарафи аҳдкунанда метавонад, агар бихоҳад иттилооти иловаги минбаъда оид ба татбиқи миллии Конвенсия ворид намояд.

Фасли 4. Аризаи иловагӣ ба ҳар кадом Тарафи аҳдкунандае, то мехоҳад ба пешниҳоди маълумоти иловагӣ дар бораи ягон ё ҳамаи ботлоқзорҳои аҳамияти байналмилалӣ дошата (мавзеҳои Ромсар) маълумот ворид намояд.

Матни пурраи ҳисобот бо забони русӣ.

Протоколи Картахени оид ба Бехатарии Биологӣ

Протоколи Картахени оид ба Бехатарии Биологӣ

Видео