Механизми миёнаравӣ доир ба бехатарии биологӣ

Механизми миёнаравӣ доир ба бехатарии биологӣ ба шаффофият ва мубодилаи иттилоот меоварад, ки дар масоили таъмин намудани системаи бехатарии биологии ҷаҳонӣ афзалиятнок буда, ба корбурди динамикӣ ва самаранокӣ мусоидат менамояд.

Механизми миёнаравӣ доир ба бехатарии биологӣ яке аз унсурҳои асосӣ дар доираи таъмини бехатарии биологии байналмилалӣ мебошад. Ин механизм ба шумо имкони мусоидат ба табодули иттилоот ва баланд бардоштани шаффофияти он фароҳам меоварад, ки барои таъмини системаи биологии ҷаҳонӣ муттасил ва самарабахш аст. Ғайр аз ин, он имконият барои давлатҳо барои бо хабар будан аз қарорҳои ниҳои доир ба ворид ё озод будани организмҳои зиндаи тағйирёта, қонунгузории миллӣ, қоидаҳо ва дастурҳои барои татбиқи Протоколӣ медиҳад.

Механизми миёнаравӣ доир ба бехатарии биологӣ ҳамчунин иттилооти зарурӣ тибқи тартиби хабардиҳии пешакӣ, хулосаҳои арзёбии хавф ва шарҳи экологӣ, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳисобот оид ба татбиқи Протоколӣ, инчунин дигар маълумоти илмӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва техникӣ пешкаш менамояд. Бо мақсади таъмини муқоисаи маълумоти ҷамъовардашуда дар кишварҳои гуногун, механизм формати ягона истифода мебарад.

Механизми миёнаравӣ доир ба бехатарии биологӣ асосан ҳамчун системаи иттилоотӣ дар асоси Интернет тарҳрезӣ шудааст. Торномаи мазкурро бо забони русӣ ва англисӣ аз инҷо пайдо намудан мумкин аст: www.bch.biodiv.tj

Поделиться

"Озодапаланг - ифтихори миллии Тоҷикистон"

Видео