Аҳамияти мамнуъгоҳҳои хурд дар ноҳияҳои зерҳадаф
- 16.07.2025 11:18:24
- Просмотров

Лоиҳаи БРСММ/ФГЭ |
Аҳамияти мамнуъгоҳҳои хурд дар ноҳияҳои зерҳадаф
Барои равшанӣ андохтан дар бораи мамнӯъгоҳҳо бояд ҳар як инсон ба маънои мамнӯъгоҳ ошно бошад, яъне мамнӯъгоҳ қитъаи замине мебошад, ки дар он ҷо тамоми фаъолияти инсон мамнӯъ мебошад, (аз чорворонӣ то шудгоркунию сохтмон), вай фақат барои ҳифзи ин ё он растанӣ ё ҳайвони ваҳшӣ ё паранда ё хазандае ташкил карда шудааст. Бо сабаби зиёд шудани саршумори чорво, таъсири тағйирёбии иқлим, кам шудани боришотҳои пай дар пайи баҳорӣ, зиёд гаштани заминҳои обӣ барои эҳтиёҷоти мардум, норасоии ғизо, зиёдшавии аҳолии ҷаҳон, сол то сол шиддати истифодабарии чарогоҳҳо, ки дар он ҷо алафзорҳои табиӣ рушду нашъунамо менамоянд, зиёд гардида истодааст. Ин амали номатлуб ба он оварда расонидааст, ки сол то сол шумораи растаниҳои нодир ва растаниҳои эндемикӣ кам гардида, қисмати дигари растаниҳои пурарзиши тамоман аз байн рафта истодаанд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ олами аз ҳама бойтари наботот (анқариб 5 ҳазор намуд растаниҳои муташаккили рагдор ё дараҷаи олӣ) ва зиёда аз 4500 намуд раста ниҳои номуташаккил (дараҷаи паст ва ё спорадор) арзи вуҷуд дорад. Аз ин миқдор зиёда аз 1000 намуди онҳо растаниҳои хоси Тоҷикистон ва ё намудҳои эндемикӣ ва субэндемикиро ташкил медиҳанд, ки танҳо дар ҳудуди кишварамон рӯида, ганҷи бе баҳои онро ташкил медиҳанд.
Ҷадвали 1. Таркиби наботот дар Осиёи Марказӣ
№ |
Ҷумҳурӣ |
Майдон |
Шумора |
|||
Намуд |
Навъ |
Оила |
Навъи эндемекӣ |
|||
1. |
Тоҷикистон |
143.1 |
4511 |
996 |
123 |
882 |
2. |
Қазоқистон |
2715 |
4750 |
1022 |
126 |
550 |
3. |
Узбекистон |
450 |
3663 |
880 |
140 |
366 |
4. |
Қиргизистон |
198 |
3276 |
831 |
113 |
321 |
5. |
Туркменистон |
488 |
2200 |
683 |
133 |
325 |
Агар ба аҳамияти растанӣ назар афканем ба олими барҷастаи рус Климент Аркадевич Тимирязев дар «Ҳаёти рустанӣ» ном китобаш дар хусуси аҳамияти рустаниҳои сабз дар табиат ва инкишофи ҳаёт дар рӯйи Замин ба таври хеле возеҳу фаҳмо ба мо хитоб кардааст: «Замоне, дар кадом як маҳал нури Офтоб ба замин афтид, аммо на ба замини бесамар, балки ба як майсаи сабзи гандум ё аниқтараш ба донаи хлорофилл. Нур ба дона бархӯрду хомӯш шуд, ҳамчун рӯшноӣ барҳам хӯрд, аммо нест нашуд. Вай фақат барои иҷрои кори дохилӣ сарф шуд».
Ҳамин тавр, рустании сабз ҳангоми фотосинтез энергияи нури Офтобро аз худ мекунад ва моддаҳои органикӣ ҳосил карда, оксигенро хориҷ мекунад. Рустанӣ аз моддаҳои органикӣ ғизо гирифта месабзад, гул мекунад ва дар он мева ва тухм пухта мерасад. Ҳайвонот ва одам моддаҳои органикии дар рустаниҳо ҳосилшударо истеъмол мекунанд. Бе мавҷудияти рустаниҳои сабз мавҷудоти зиндаи Замин бе хӯроку ғизо мемонд.
Мутаассифона, манфиати рустаниҳоро на ҳама одамон мефаҳманд. Одамоне ёфт мешаванд, ки дарахту буттаҳоро мебуранд, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд ва боиси нобудшавии рустаниҳо мегарданд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки рустаниҳоро нобуд кардан осон, вале онҳоро сабзондану калон кардан хеле душвор аст. Барои ин солҳои зиёд бояд ранҷ кашид.
Фаъолияти инсон, ки зарурати ҳифзи табиат ва қисми муҳимтарини он - гуногунии биологиро ба назар намегирад, боиси таназзули муҳити зист мегардад.
Муҳити табиии харобшуда ва вайроншуда эҳтиёҷоти инсонро қонеъ карда наметавонад ва аксар вақт мушкилоти иловагиро ба вуҷуд меорад, ки бо таҳдид ба саломатӣ ва бехатарӣ, якбора паст шудани ҳосилнокӣ, паҳншавии ҳашароти зараррасон ва алафҳои бегона алоқаманданд.
Аз руйи маълумоти мутахассисони соҳа ахолй танхо аз сабаби паст шудани махсулнокии чарогоххои вайроншуда кариб 40 фоизи фоидаи потенсиалии чорводориро аз даст медихад. Чарогоҳҳои таназзулёфта ё деградатсияшуда барои барои чаронидани чорвои дар онхо ба кадри кифоя хурок дода наметавонанд. Дар чарогоххои фарсудашуда, алафхҳои бегона ва растанихои ғайриистеъмолӣ зиёд гардида, растаниҳои беҳтарини хурокаи чорво, ки арзиши бебаҳо доранд, руз то руз кам мегарданд ва қабати ҳосилхези замин оҳиста – оҳиста ба нестӣ меравад. Ин амали номатлуб ба он оварда расонидааст, ки сол то сол пурарзиштарин растаниҳои нодир ва эндемикии ҷумҳурӣ дар як ҳолати ногувор қарор гирифта, дар ҳолати нестшавӣ қарор гирифта истодаанд.
Аҳамияти растаниҳоро дар ҳаёти инсон ва умуман дар экосистема ба назар гирифта бо дастгирии лоиҳаи «Ҳифз ва идоракунии устувори экосистемаҳои хушки пурарзиши поёноби ҳавзаи Амударё» дар шаш ноҳияи ҷумҳурӣ мамнуъгоҳҳои хурд барои ҳифзу барқарор намудан ва дар оянда паҳн намудани растаниҳои нодиру эндемикӣ ташкил карда мешавад, ки ҳадафи асосии он барқарор намудани экосистемаи ҳамон маҳал ба шумор меравад.
Яке аз чунин микромамнуъгоҳҳо дар заминҳои Фонди давлатии ҷангали “Дашти ҷум” аз тарафи мушовирони лоиҳа таъсис дода шуд.
Мавзеи интихобшуда дар баландии 1200-1400 м аз сатҳи баҳр буда, масоҳати он ба 5 га мерасад ва он асосан барои правариши растаниҳои нодир ва эндемикӣ ба монанди гули ҳолмон, гули лола, зира, камоли тоҷикӣ, шафран ва ғ. равона мешавад. Итминон дорем, ки роҳи пеш гирифтаи мо меваҳои пурбор оварда, барои барқарор намудани экосистемаи бою гуногуни ҳавзаи обии “Оби Ниёв” такони ҷиддие фароҳам меоварад. Растаниҳои мавзеъро растаниҳои нимсаваннагӣ фаро гирифта, баландии миёнаи сабзиши онҳо ба 20-25 см мерасад.
Микромамнуъгоҳҳо имконият фароҳам меоваранд, ки тухмии растаниҳои нодир ва эндемикӣ пухта расида, қисматашон дар дохили он тухм резонда, сабаби зиёдшавии шумораи он мегардад ва қисми дигараш тухмаш ҷамъоварӣ карда шуда, барои дар оянда паҳн намудани он дар дигар минтақаҳо пешбинӣ карда мешавад.
Дар маҷмуъ ду мамнуъгоҳи хурд барои барқарор намудани мамнуъгоҳҳо ва ду ниҳолхона барои шинонидани буттаю дарахтон ташкил карда шуд, ки дар айни замон ҳамаи онҳо бо лавозимотҳои барои маҳкам кардани гирду атрофи он таъмин карда шудаанд.
Барои таъсис додани мамнуъгоҳҳои хурд талаботҳои зерин ба назар гирифта шуданд: сарватҳои ғании наботот; наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин (барои фарогирии мактаббачагон – арзиши таълимӣ); барои иқтисодиёт начандон зарур ҳаст.(чарогоҳҳои камарзиш ҳастанд); дастрасии қулай ба замини интихобшуда.
Пеш аз он ки ба навиштаҳои худ нуқта гузорам мехостам, ки сабаби коҳишёбии наботот ё алафзорҳои табииро каме ҳам бошад руйи коғаз биоварам.
Алафзорҳои табииро асосан дар соҳаи кишоварзӣ барои чаронидани чорво ва алафдарав барои захираи хошок истифода мебаранд. Чарогоҳ қитъаи замине мебошад, ки дар он растаниҳои худруй нашъунамо намуда, он барои чаронидани чорво истифода мешавад. Дар таркиби алафзорҳои табиӣ садҳо намуди растаниҳои табобатӣ, эндемикӣ, заҳрноку зарраровар, истеъмолию ғайриистеъмолӣ растаниҳои ба китоби Сурхи Тоҷикистон шомилгардида нашъунамо меёбанд, ки айни замон бо сабабҳои гуногун шумораашон сол то сол кам гардида истодааст.
Аксар вақт чорво бо сабаби кам гардидани растаниҳои истеъмолӣ ва дарёфти хурока масофаи зиёдро тай намуда, миқдори зиёди растаниҳоро поймол намуда, нобуд месозад. Дар натиҷа чарогоҳҳо ба деградатсия дучор гардида, хоки мавзеъ ба эрозия мутаваҷҷеҳ мешавад ва қабати ҳосилхези он кам мегардад. Ба замми ин хоки шусташудаи бе растанӣ офатҳои табииро метезонад, чун ки растаниҳо ба ғайр аз ғизо будан нақши муҳофизатиро низ дороанд. Дар маконе ки алафзорҳои табиӣ ба нестӣ расида бошанд, имконияти лағшиши хок ё канда шудани он ба маротиб меафзояд.
Дар бисёр мавридҳо асосан чорвои хурд ба касалиҳои гелминтӣ дучор мегардад, ки дар чарогоҳҳо бо воситаи растании камол ё ферула табобат мегардад. Чорвои мариз камолро хуб “мешиносад” ва барои аз касалӣ раҳо ёфтанаш онро истеъмол мекунад, яъне растаниҳо дар чарогоҳҳо нақши табобатиро низ мебозанд. Растаниҳо на ин ки чорворо балки ба инсонро низ табобат менамоянд.
Таъсири тағйирёбии иқлим, ки ҷаҳонро дар айни замон такон дода истодааст, ба нашъунамои растаниҳо, таркиби ботаникии онҳо ва ҳосилнокии онҳо таъсири худро расонида истодааст.
Инчунин дар бисёр мавридҳо фаъолияти бераҳмонаи баъзе инсонҳо ба табиат хисоротҳои зиёдеро ба бор меоварад, ки сабаби асосии он фаҳмиши экологӣ надоштани онҳо ба шумор меравад. Ҳангоми истироҳат намудан дар табиат тамоми маҳсулотҳои пластикии худро ба ҳар куҷо пош дода, гирду атрофи табиатро ифлос менамоянд, ки бо ин амал растаниҳоро зери маҳсулотҳои пластикаҳо намуда, боиси аз байн рафтани онҳо мегарданд.
Хулоса, инсон бо коҳиш додани гуногунии биологӣ механизми боэътимоди устувории аз тарафи табиат офаридашударо вайрон мекунад ва баъд маҷбур мешавад, ки ба муқобили окибатҳои манфӣ мубориза барад, талафот ва хисоротҳои зиёд бинад. Роҳи дурусти наҷот ин аст, ки барои қувваҳои табиӣ шароит фароҳам оварда шавад, то ки худи онҳо барои инсон кори фоиданок кунанд.
Ғамхорӣ дар бораи нигоҳдорӣ ва барқарорсозии гуногунии биологӣ бояд кори ҳар як шахс бошад, чунки табиати мо ҳамеша ниёз ба ғамхорию меҳрубонӣ дорад. Агар мо ба табиат ғамхор набошем, рӯзе мерасад, ки ин табиат аз мо қасос мегирад. Барои ҳамин ҳар яки мо нисбат ба табиати Тоҷикистону азизу маҳбуб бояд ғамхору ғамгусор бошем.
Мушовири лоиҳа оид ба геоботаника Ханҷаров А. Р.
Санаи нашр 10 майи соли 2025.